БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2018

ХАТЛОН. Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилоят оид ба натиҷаҳои  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  таҳти  раёсати Раҳмонзода  Абдулло Қурбоналӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар маҷлис аъзои Раёсат, кормандони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилоят, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Зимнан  Раҳмонзода  Абдулло  маҷлисро  ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи   маҷлис шинос кард.

Баъдан  узви  Раёсат, муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло  аз рӯи масъалаи якуми  маҷлис оид ба натиҷаҳои  фаъолияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  вилоят дар нуҳ моҳи соли 2018  ва вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои  ҳизбӣ  гузориш дод.

Пас аз шунидани гузориш Раҳмонзода Абдулло  аз раисони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо оид ба натиҷаи фаъолияти Кумитаҳои иҷроияҳо пурсиш ба амал оварда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супориши қатъӣ дода, аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg