БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон макони сайру саёҳат ва манзараҳои дилфиребу мафтункунандаи сайёҳон аст!

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 дар маҳаллаҳои Б. Ҳилолӣ ва А.Ҷомии ҷамоати шаҳраки Москва чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣбо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.

Сараввал масъулин аз ҳунарҳои мардумии пешниҳоднамудаи сокинони ин ду маҳалла дидан намуда, ҳунармандони хушсалиқа ва беҳтаринҳоро ба озмунҳои ҳизбии «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин  доиркунандаи чорабиниҳо дар сатҳи маҳал» ва «Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ»,  ки ноҳияи Ҳамадони макони сайру сайёҳат ва дорои қӯҳҳои сарбафалакашида, манзараҳои диандбоб аст, даъват намуданд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  оғозхи Даҳсолаи байнанлмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон андешаронӣ намуда, иштирокдоронро барои роҳандозии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя хал мекунем!»  даъват карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg