БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар қосидест, ки тамаддунҳоро ба ҳам мепайвандад

ТЕМУРМАЛИК. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба  ҳарчӣ бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ бобати  баргузории вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Лолазори  ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ нахуст,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, вобаста ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, натиҷаҳои нахустин сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.

Баъдан вакили ҷамоат  Пираков Абдухолиқ  вобаста ба огоҳонидани мардум аз хатару таҳдидҳои ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, иқрори Аёмиддин Сатторов бо номи «Бозгашт аз ҷаҳаннам», пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи дурусти фарзандон андешаронӣ кард.

Сипас, ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дастони кишоварзон ба намоиш гузошта шуданд, ки ҳамагон аз ин намоишгоҳ дидан намуда, ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.

Дар охири чорабинӣ  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ба ташкилкунандагони  намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, баҳтаринҳоро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват кард.

                                                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg