БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ бо шаклҳои гуногун рушд карда истодаанд

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи татбиқи босифати бандҳои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ганҷина» чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамзамон эълон гардидани Соли тақвияти робита бо маҳал ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки сокинон баргузор гардид.

Масъулин дар рафти чорабинӣ аз корҳои хонагии занону бонувони ҳунарманди маҳалла, ки бо гулдӯзиву қуроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ ва дигар намуди ҳунармандӣ машғуланд, шинос гардиданд.

Сипас, сухани ифтитоҳиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Сайҷафар оғоз намуда,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаолияти ҳизб, аз ҷумла тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон суханронӣ намуда, қайд кард, ки либоси миллӣ нишонае аз таъриху фарҳанги қадимаи ҳар як халқияту миллат мебошад. Нигоҳ доштани либоси миллӣ ва аз насл ба насл ба меърос гузоштани он вазифаи муқаддаси ҳар як сокини соҳибхирад аст.

Ҳамзамон, бо мақсади  ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон ва гирифтани  пеши роҳи бегонапарастию гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои  ифротию террористӣ, бо истифода аз усулҳои муосири кор бо табақаҳои иҷтимоӣ боз ҳам пурзӯр намудани ҷалби нерӯи ҷавонон, бахусус ҷавонони марказ ба равандҳои  созандагию  бунёдкорӣ даъват намуд.

Дар охири чорабинӣ ба аъзо ва фаъолони  ҲХДТ  аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳр барои  иштирок  ва  саҳми босазои худро гузоштан дар чорабинии  мазкур бо Сипосномаи ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg