БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ–ҳизби роҳнамову раҳнамунсоз ба ояндаи дурахшон

Ҷ.БАЛХӢ. Хониши сиёсии навбати дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Озмоишгоҳи ветеринарӣ” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар дар назди кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Озмоишгоҳ иветеринарӣ” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона ба хотири паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ, мубориза бар зидди коррупсия, терроризму экстремизм, пешгирии шаҳрвандон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ дар партави Аксияву озмунҳои ҳизбӣ ҷиҳати боз ҳам пешрафтаву зеботар гардидани Ватани азизамон-Тоҷикистон андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg