БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон идома дорад

ПАНҶ. Дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ва дар ин замина ҳифз намудани фарҳанги аҷдодӣ бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳия дар маҳаллаи Сари Сели  ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинови ноҳия ҷорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ  баргузор гардид.

Ҳадафи аслии баргузор намудани ҷамъомад тарғиби либоси миллӣ миёни бонувон ва инчунин, ҳифзу нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ аз омехташавӣ ба фарҳангу тамаддуни барои миллати мо бегона унвон мегардад.

Масъулин, доир ба фарҳанги бою ғанӣ доштани миллати сарбаланди тоҷик  сухан гуфта, аз тарзи либоспӯшии  модарону бонувони тоҷик ёдовар шуданд. Афзуданд, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҳар як миллатро бо сару либоси миллиаш мешиносанду баҳо медиҳанд.

Либоси миллӣ низ яке аз унсурҳои фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин  фарҳангро бояд тавре нигоҳ дошт, ки  озод аз ҳама гуна таъсироти бегона буда, инъикосгари моддиёт ва маънавиёти  миллат бошад.

Воқеан, тӯли якчанд соли охир  маърифати бегонапарастӣ дар тарзи либоспӯшӣ ва кирдорҳои бархе аз ҷавонону наврасон ва занон ба мушоҳида мерасад, ки  боиси нигаронии аҳли ҷомеа  гардидааст.

Баъдан, Шомаҳмадзода Музаффар вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оид ба ободонии маҳал, сабзу хуррамгардонии он, тоза намудани ҷӯю каналҳо, гирду  атрофи манзилҳои истиқоматӣ  суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg