БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳидоятгар ба фардои ободи Ватан

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Сангдараи поёнии ҷамоати деҳоти ба номи  Ш.Шоҳини ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот  муовини раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Гулсунбӣ Раҷабова  ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст,  Гулсунбӣ Раҷабова дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли тақвияти робита бо маҳал, озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  тарғиби либоси миллӣ, рушди анъанаҳои неки ниёгон бо шакли гуногун,  тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва сафарбар кардани онҳо ба хизмати Ватан Модар, ба дарки ҷавонон расонидаи моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот, амнияти кишвар, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъ ТЭТ ҲНИ, ҳифзу гиромидошти  дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ андешаронӣ карда, иштирокдорон ба ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ, анҷои корҳои хайру сахо ва созандагиву бунёдкорӣ ба хотири  боз ҳам ободу зебо гардидани  Ватани азизамон даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg