БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” бомаром идома дорад

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018 Соли тақвияти робита дар маҳал эълон гардидааст дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ноҳияро ба барномаҳои ҳизбӣ ва огоҳ намудан аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ шинос намуда истодааст.

Ин навбат  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Абдуллоев Мирвоҳид ва Неъматуллоева Сабоҳат  бо мақсади тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Почта” -и ноҳия   хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Зимнан  масъулин  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, амалигардонии  ҳадафҳои барномавии  ҳизб андешаронӣ карда, ҷиҳати сари вақт супоридани  маблағи обуна  барои тезонидани иҷроиши нақшаи маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии  “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg