ДӮСТӢ. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Деҳқонобод»-и ҷамоати деҳоти Деҳконобод озмунҳои ҳизбӣ таҳти унвони «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон» ва «Кадбонуи беҳтарин»-ро бо иштироки ҳунармандони беҳтарин баргузор намуд.
Чорабинии фарҳангӣ-сиёсиро и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз ҳусни оғоз бахшида, дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ бо номҳои «Армуғони хатлонӣ», «Маликаи Хатлон» ва «Кадбонуи беҳтарин» андешаронӣ карда, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагиву бофандагӣ, пухтани таъомҳои миллӣ ва ғайра ба маърази намоиш гузошта буданд, дидан карда, дар якҷоягӣ бо доварони озмуни ҳизбӣ беҳтаринҳо барои иштирок дар озмунҳои ҳизбии вилоятӣ, ки дар охири сол ҷамъбаст мегардад, даъват карда шуданд.
Баъдан вакили ҷамоати деҳот Сангаков Акмал оид ба фаъолият ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, пешгирии амалҳои номатлуб, инчунин ҷалб ва сафарбар кардани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар андешаронӣ намуданд.
Дар охир сокинони деҳот аз баргузории чунин чорабинӣ руҳбаланд гардида, ҷонибдории худро нисбат ба ҲХДТ баён доштанд.