БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ, даркушоӣ кунӣ на дар бандӣ…

ВОСЕЪ. Дар деҳаи дурдасти Пушёни поёни ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза, корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева баргузор гардид.

Дар он занону духтарони  ҳунарманди деҳаи мазкур ҳунарҳои худро, аз қабили қуроқдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намудҳои сӯзанидӯзиро ба маърази тамошо гузошта, барои ҷалби ҷавондухтарон ба ин касбҳо курсҳои бозомӯзӣ ташкил карданд.

Зимнан масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз ҳунари волои ҷавондухтарон дидан намуда, қайд карданд, ки шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад ҳамеша чизеро омӯзад, ки боиси волоҳунар гардиданаш гардад. Дар натиҷаи меҳнати гарон ба касе амалеро анҷом диҳад, ки ҳам боиси хурсанд гардидани ӯ ва ҳам барои худаш манбаи омӯзиш бошад.

Ҳамзамон муаллимаи ҷавон Қурбонова Гулистон, ки ҷавондухтаронро касби зардӯзиро меомӯзонад, иброз намуд, ки эҳё ва зинда гардонидани касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ниёгонамон ба мо меърос мондаанд, онҳоро ба насли ҷавону наврас омӯзондан ва чун гузаштагони хеш ба наслҳои оянда ба меърос гузоштан вазифаи ҷонии мост.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg