БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иҷрои муқаррароти қонун асоси зиндагии шоистаи мост!

ВАХШ. Тибқи  ҷадвали  баргузории  хонишҳои  сиёсӣ  дар  ташкилоту  муассисаҳо  ва  вохӯриву  мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Вахш  бо  иштироки  кормандони   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Вахш    дар  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия  хониши  сиёсӣ  атрофи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ  дар  мавзӯъи «Танзим баракати зиндагист» вохӯрӣ баргузор  гардид.

Дар   вохӯрии мазкур мутахассиси шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Негматов Азизулло ба  сухан  баромада,  ибрози  ақида  кард, ки Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 24-уми майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Боиси хушбахтии миллати тоҷик аст, ки тайи даҳ соли охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва роҳандозӣ гардида, ба дуруст сафарбар кардани амалҳои хайру сахо мусоидат намуд ва мардум, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон аллакай ба дарки он расиданд, ки саховатмандӣ ва анҷоми кори нек аз ташкили маъракаҳои пурдабдабаву серхарҷ ва ифроту тафритҳои хурофотӣ иборат аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg