БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ мебошад

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Суғуртаи шаҳр” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

 Дар  он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил ва мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан  Ализода Одил ба сухан баромада,  изҳор дошт, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯзҳо танҳо як мушкилоти ҷиддӣ, ин ҳам бошад шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фаро гирифтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шавад. Дар ҳақиқат ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҷавонони бонангу номус, бориз, далер ва шуҷоъи Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ном бароварда, доимо дар сафи пеш қарор доранд. Ин иқдоми созанда бояд шиори ҳамешагии онҳо бошад.

Сипас, дар идомаи суҳбат масъулин  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg