БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- нерӯи созанда ва муҳаррики пешбарандаи ҷомеа

Ҷ.БАЛХӢ. Корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола дар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Бойторӣ» хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймонова Лола ва раиси ташкилоти ибтидоии «Бойторӣ» Баротов Фаридун иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ва риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуб, фарҳанги оиладорӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, баланд бардоштани савияи донишу малакаи онҳо дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, ҳолатҳои муноқишаи оилавӣ, ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ расонидан ба оилаҳои носолим андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, дар ин росто Сулаймонова Лола дар идомаи суҳбат иштирокдорон барои амалигардонии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg