БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” мушкилоти сокинонро ҳал намуд

БАЛҶУВОН. Дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  “Корхонаи Нафту-гази минтақаи №2” дар ноҳияи Балҷувон буда, бо иқдоми узви фаъолия ҲХДТ, шахси ватандӯсту хайрхоҳ, соҳибкори муваффақ  Исматов Ҷумъахон аз чуқурии 61 метр  бо маблағи 230 ҳазор сомонӣ  хатти об барои истифодаи ҳаррӯзаи ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳои Сари Мазор, Балҷувон ва болои Қалъаи Мири Балҷувон бо оби ошомиданӣ таъмин намуд, ки ин  яке аз иқдомҳои наҷибонаву хайрхоҳонаи узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон мебошад.

Истифодабарандагони оби нӯшокӣ, алалхусус сокинон аз ташаббуси  фарзанди бонангу номуси миллат  бо ифтихормандиву сарфарозӣ  миннатдор буда, кори хайрро давоми иқдомҳои  ғамхоронаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg