БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Осудагӣ ва фаровонии рӯзгори сокинони кишварамон аз ҳадафҳои муҳим аст!

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияи Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи ба номи Лочин  Нурови ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он  мудири шуъбаи  таблиғот, иттиллоот  ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Негматов Наҷибулло иштирок ва суханронӣ намуд.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти  робита бо маҳал, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, рафтору кирдору аъзои  ТЭТ Ҳизби Наҳзати исломӣ, ки боиси марги сайёҳони хориҷӣ гардид, суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар идома  дар бораи озмунҳои ҳизбӣ,  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада, барои роҳандозии Аксияи номбурда ва иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ сокинон даъват карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg