БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ - падидаи нек дар самти рушди ҳунарҳои миллӣ

КӮЛОБ. Дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Даҳана бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал намоиши ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардид.

Зимни он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул иштирок ва суханронӣ намуд.

Валиева Саъбагул қайд намуд, ки тарҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳ намудан ба ҳунарҳои мардумӣ ба ин бахши зиндагии мардум такони ҷиддӣ ворид мекунад. Ба туфайли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 чандин анъанаи ҳунарии мардум, ки ташаккули илму техника онҳоро қариб, ки ба дасти фаромӯшӣ супорида буд, дубора эҳё гардиданд.

Дар охир гуфта шуд, ки бо ҳадафи эҳё, рушди анъана ва суннатҳои мардумӣ, аз ҷумла намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи деҳаю маҳалла ташкил гардида истодааст, ки ин як падидаи нек дар самти рушди ҳунарҳои миллӣ мусоидат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg