БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо медонем, ки ҳадафҳои ТЭТ ҲНИ ва ДОИШ якранг мебошанд!

ВОКУНИШ. Барои ба ин рӯзгори саодатманд расидан кишвари ҷангзадаи тоҷикон давраи мушкилу мураккабро аз сар гузаронидааст. Мо шоҳиди онем, ки бо таъсиси Ҳукумати конститутсионӣ ва ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷангу муқовимати дастаҳои ҷангҷӯй  бо  қумандонҳои саркашашон, ки   бо онҳо Ҳизби наҳзати ислом ва пешвоёни он  сарварӣ менамуданд, ба гузоштани яроқ ва баргаштан ба ҳайёти осоишта розӣ намешуданд ва қатлу ғорати худро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ давом медоданд.Сарвари давлат дар ҷавоб ба бедодгариҳои рӯзафзуни дастаҳои мусаллаҳ, ки ҳамвора вазъи ороми ҷумҳуриро ба ҳар роҳ халалдор мекарданд, авфу гузашт менамуд ва  натиҷа  он шуд, 27 июни соли 1997  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расонида шуд.

Мақсаду мароми Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари он Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданашон таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва рушд бахшидани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маҳсуб меёфт. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ҳадафҳои неки хеш – аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани мамлакат, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва ҳаллӣ барномаи озуқаворӣ , таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ноил гардида истодааст. Мардуми тоҷик алҳол барои бозҳам тараққӣ додани иқтисодиёт ва ноил шудан ба дастовардҳои беназир дар саноату иқтисодиёт ва бахши кишоварзӣ меҳнати садоқатмандона анҷом медиҳанд. Обурӯи Тоҷикистон ҳамчун кишвари озод, соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар сатҳи байналмилалӣ рӯз то рӯз баланд мегардад.

Ташаббусу иқдомоти Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масоили об тамоми давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳон дастгирӣ намуда, дар амри иҷрои он чораҳои амалӣ меандешанд. Ташаббуси навбатии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал « Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» аз тарафи 190 давлати дунё ва созмонҳои ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва иҷрои он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи Аҷам, да Рӯзи ҷаҳонии об оғоз гардид.

Вусъат ёфтани корҳои сохтумонӣ дар Нерӯгоҳи обии барқии Роғун ва бо истифода додани он ва ба  кишвари содиркунандаи барқ табдил ёфтани Тоҷикистон нуфузи мамлакати моро дар байни дигар давлатҳо боз ҳам баланд мебардорад.

Ҳамаи ин пешравӣ ва дастоварҳо ба чашми душманони давлату миллат -  аъзоёни фирории ТТЭ ҲНИ ва сарвари даҳрӯяи он, маҳкумнамудаи  халқи тоҷик Муҳиддин Кабирӣ   чун хор халида, онҳоро ноҳинҷор ва безобита мегардонад.

Ба рӯйхати даҳ давлати амн дохил шудани Тоҷикистон ва соли 2018 аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  қаҳру ғазаби онҳоро даҳчанд афзуд. Маҳз бо дастури ин хоини миллат барои бадном намудани Давлату миллати тоҷик, ки  дар рӯи дунё бо меҳмоннавозӣ ном баровардааст ва гирифтани пеши роҳи сайёҳон ба Тоҷикистон бо дасти чанд тан ҷавонони гумроҳ куштори айёҳони хориҷиро роҳандозӣ намуд.    Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳодисаҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, гунаҳкорону саркардагони он, муборизаю муқовиматҳои хунин, қатлу куштор ва ғоратгариҳои дастаҳои мусаллаҳи мухолифини ҳукумат дар солҳои навадуми асри гузашта,  идомаи амалҳои террористию ҷинояткорона бо дасти роҳбарони Ҳизби террористӣ – экстремистӣ Ҳизби наҳзати ислом  содир гардидаанд  ва имрӯз ҳам роҳбарону аъзоёни ин ҳизби хунхор,ки барои раҳоӣ аз ҷазои сазовори ҷиноӣ барои амалҳои нобахшиданӣ дар хориҷи кишвар пинҳон  бурдаанд,  аз  иҷрои мақсадҳои нопоки худ даст накашидаанд ва дар пайи ноором сохтани вазъи кишваранд. Онҳо  барои бадном намудани Давлату Ҳукумати  Тоҷикистон ва миллати тоҷик кӯшишҳои бенатиҷа менамоянд. Ба анҷом расонидани амалиётҳои террористӣ, аз қабили қатлу куштор, халалдор намудани сулҳу оромии кишвар,  эҷод кардани фазои тарсу ваҳм дар дили одамон намунаи  ин амалиётҳост.

Ҳодисаи  куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ  дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара аз тарафи гуруҳи ҷиноятпеша идомаи амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ мебошад, ки моҳи сентябри соли 2015 бо сарварии собиқ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ  генерал Ҳоҷӣ Ҳалим амалӣ кардан мехост.

ТТЭ ҲНИ аз ибтидоии фаъолияти душманона, хоинона ва ғайриинсонии худ мақсади нопоки худ – дигар намудани сохтори давлвтдорӣ дар Тоҷикистон ва ба ҷойи он ташкил намудани давлати исломӣ ва ҳамаи он ҷангу хунрезӣ, ғорат вақатли  шахсиятҳои маъруф ва одамони бегуноҳро, ки маҳз бо дастури роҳбарони ин ҳизби хунхор зери пуштибонии ғоявӣ, маънавӣ ва молии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иҷро расониданд, пинхон дошта, бо номи ДОИШ  ҳамчун асбоб ва пардаи пӯшиш истифода менамоянд ва ин  амал асос ҳам  дорад. Зеро мақсади ТТЭ ҲНИ  ва ДОИШ ҳар ду як – таъсиси давлати исломист.

Як будани мақсади ин ду ташкилоти террористӣю экстремистӣ аз он ҳам маълум мегардад, ки аксари аъзоёни ТТЭ ҲНИ  аъзои фаъоли ДОИШ ҳам мебошанд. Далели ин гуфтаҳо зери парчами ДОИШ пинҳон шудани аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ Абӯ Усомаи Норакӣ (Назаров Тоҷиддин Мирзораҳимович)  аст, ки  дар шаҳри Хоши ҶИЭ қарор дорад.  Ӯ яке аз ташкилкунандагони куштори саёҳон дар шоҳроҳи Кӯлобу Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара мебошад.

Ҳамаи ин амалҳои душманона мо, вакилони Маҷлиси вакилони халқро водор менамояд, дар ҳамкорӣ ба мактабу оила ва ҷомеа таълиму тарбияи насли наврасробоз ҳам  беҳтару хубтар ба роҳ монем, то ки онҳо ба таблиғоти бардурӯғи онҳо мушт ба даҳон ҷавоб гардонида тавонанд.

Гулбарг Аҳророва- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg