БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади ТТЭ ҲНИ ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон буд ва ҳаст, ки хаёли хом аст!

ВОКУНИШ. Дар бораи амалҳои хоинона, сияҳкорона, сӯистифода аз ислом, тафриқаандозии ТЭТ ҲНИ, ки ҳоло ҳам саркардагони ватанфурӯши ин ҳизби хунхор  аз хориҷ  давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро сиёҳ ва бадном менамоянд,   сокинони кишвар маълумоти муккамал доранд.  Дар ибтидо роҳбарони ин ҳизб дар сояи ислом паноҳ шуда, мақсади аслии худро ифшо наменамуданд. Барои ба сафи худ ҷалб намудани одамони бесавод ва ноогоҳ аз мақсади аслии  таъсисдиҳандагони ин ҳизб, ки ғасби ҳокимият дар Тоҷикистон буд ва ҳаст,   ҳар гуна суханҳои тофтаю бофтаро паҳн менамуданд.  Шоҳиди он будем, ки мубалиғони он мардумро бовар кунониданӣ  мешуданд, ки ислом ҳизб дорад ва касоне, аъзои ин ҳизб нестанд, мусулмон ҳисоб намеёбанд. Ва ё  дар давраи интихобот ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ чунин таблиғот мебурданд:  касоне, ки дар рӯйхат ҲНИ- ро хат мезананд, бо дасти  худ исломро хат мезананд. Матаассифона, буданд содалавҳоне, ки дар он вақт  ба ин сафсатаҳо бовар менамуданд.

Онҳо донишмандон ва донандагони аркони исломро, ки ба онҳо муқобилият нишон медоданд, бесавод мебароварданд. Онҳоро ба он айбдор менамуданд, ки маҳз аз надонистани ислом  ин ҳизбро ташкил накардаанд.

Сухани пандомези мардум: дурӯғ бӯй дорад, бӯйи дурӯғ баромад, беасос нест. Зеро сухани дурӯғ  дер ё зуд ошкор мешавад ва ба гӯши мардум мерасад.

Далелҳои боэътимод вуҷуд доранд, ки роҳбарони ин ҳизб дар ноҳияҳо барои зиёд нишон додани шумораи аъзоёнашон  (албатта бо дастури роҳбарият)  номи одамонро бе он ки онҳоро огоҳ намояд, ҳамчун аъзои ҲНИ  ба рӯйхат дохил менамуданд. Дар ноҳияи Ховалинг як не, даҳҳо нафар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар ташкилотҳои дахлдор дар ин бора муроҷиат намуда, худро аз ин рӯйхат хориҷ намуданд.

Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки агар ба ин ҳизби  дурӯғин ва террористӣ калимаи исломро ҳамроҳ намекарданд, ягон нафар ба он аъзо намегардид ва онро таъсис дода наметавонистанд.

Ба касе пӯшида нест, ки ҲНИ ба таври зӯрӣ дар шакли қонунӣ ба қайд гирифта шуд. Агар онро ба қайд намегирифтанд, мухолифини давлат ҳеҷ гоҳ ба созишномаи истиқрори сулҳ  имзо намегузоштанд. Ин ҳизб аз хориҷ реша давонда буд ва хоҷагони хориҷӣ барои амалӣ намудани мақсади нопоки худ маблағҳои ҳангуфт сарф менамуданд. Як роҳи  ба қудрат расиданро сенариянависон дар бадном кардани давлат медиданд. Бинобар ин аъзоёни ТТЭ ҲНИ  ҳамарӯза даст  ба амалҳои террористӣ мезаданд. Ташкили сӯиқасд ба ҷони шахсиятҳои маъруф ва шинохтаи ҷумҳурӣ як шеваи кори онҳо буд. Имрӯз қотилони раиси Маҷлиси Олии вақти мамлакат Сафаралӣ Кенҷаев, рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, олимони маъруфи ҷаҳон Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, мушовири Президен Карим Юлдошев, адиби шинохта Сайф Раҳимзод, муфтии кишвар Фатҳуллохон Шарифзода ва дигару дигарон маълуманд ва онҳо иқроранд, ки ин амали террористиро бо дастури роҳбарони ҲНИ ба иҷро расонидаанд.

Роҳбари ҲНИ  Муҳиддин Кабирӣ ва дигар думравону косалесонаш то он дараҷа шаттоҳу маддоҳ гардидаанд, ки  сухани ҳақро қабул надоранд. Ӯ ҳатто суханронии онҳоеро, ки дар як саф бо ӯ буданд, аз ҷумла аз тариқи телевизион суханронии Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва Айёмиддин Сатторовро, ки  ҳизби террористӣ будани ҲНИ - ро бо далелҳои раднашаванда исбот намуданд, дар ҳаққӣ худ ва ҲНИ тӯҳат медонад.

Дурӯғ гуфтан, яъне ҳақро ноҳақ намудан торикии имон аст. Пас, ту ва косалесонат торикимон нестед? Ё инро ҳам инкор мекунед?  Баромади яке аз шахсиятҳои маъруфи ин ҳизб, мубалиғи он Айёмиддин Сатторовро дар ҷаласаи солонаи САҲА рӯзи 10 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Полша шаҳри Варшава  доир ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо оид ба андозагирии инсонӣ чӣ баҳо медиҳӣ? Дар ҳамин ҷо ҳам Айёмиддин Сатторов дар бораи амалҳои террористии ташкилнамудаи роҳбарият ва хоҷагони хориҷии  ҲНИ ва ахиран ҳизби террористӣ будани он таҳти фишор сухан ронд?

Тамоми сокинони кишвар зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, иғвоангезӣ бенизомиеро,  ки дар кишвар рӯи кор овардед ва ҳоло ту ва думравонат дар кишварҳои Аврупо ин амалро  пешаи худ қарор додаед, ба хубӣ медонанд  ва ҳар як амали бар зидди давлату миллат бо дастони нопок анҷомдодаи туву думравонатро  маҳкум менамоянд.

Аз хотир набароред, одами нобино як бор асояшро гум мекунад. Мардуме,  ки як маротиб ба доми фиребу найранги шумо  миллатфурӯшу мазҳабфурӯш афтода, дигар ҳеҷ гоҳ ба сухани фитнаангези шумо торикимонон (дурӯғгӯёни беҳайё) бовар намекунад ва дубора ба дом намеафтад.

Мо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия чун дигар фмардуми шарифи Тоҷикистон пуштибони сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва ба хотири расидан ба зиндагии шоиставу рушди босуботи Ватани азизамон – Тоҷикистон дар паҳлӯи Роҳбари давлат истода пурмаҳсул меҳнат менамоем. Ба ҳама онҳои  чун ту маҳкумнамудаи халқ, ба қадри истиқлолияти давлатӣ, пешрафту тараққиёт ва зиндагии осоишта ва пурсаодати  халқ намерасанд, ба ватану мардуми  худ хиёнат менамоянд, онҳоро бадном менамояд, муборизаи беамон мебарем.

         Азизулло Муродов- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg