БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАЙТОН ДАР СИМОИ ОДАМӢ (ё танҳо Алим Шерзамонов мисли шайтони палид қодир аст, миёни инсонҳо иғвою дасиса эҷод кунад)

ВОКУНИШ. Миллати сарбаланди тоҷик тули ҳазорсолаҳои таърих ҳама чизро дид: бедавлатию соҳибдавлатӣ, садоқати фарзандони бонангу ор ва хиёнати фарзандони фурухташуда, иғвою дасиса ва хиёнати руҳониёни дин ва ғасбу куштори бародар бо дасти бародар ва ғайра. Аммо шояд боре ба худ суол накардем, ки ин ҳамаро сабаб чи буд? Чаро дар муқоиса бо таърихи дигар қавму қабила ва миллатҳое, ки мисли мо куҳантаъриханд ин ҳама зулму ситаму куштору истибдоду хиёнату иҳонат болои мардуми мо бештар буд. Шояд сабабаш ин буд, ки мо дар тули ҳазорсолаҳо ба фаҳми чи будани як миллату як сарзамину як тақдиру як оянда нарасидем. Ба милати худ донистаю надониста хиёнат кардем, кушидем ва ё кушиданд тавассути худи мо моро ба ҳам шуронанд, ҷанг андозанд, болою поин гузоранду моро аз ҳамдигар норозӣ кунанд. Аламовараш ин аст, ки ин кор ҳамеша тавассути фарзандоне аз хуни тоҷик, аз хоки тоҷик ва баҳраваршудае аз хони тоҷик сурат мегирад. Суоли матраҳ ин аст, ки наход дар замири ин миллат чунин кошта шуда бошад, ки моро бо дасти фарзандони худамон ба иғво мекашанду, аз ҳам ҷудо месозанд. Моро бо дасти фарзандони худамон, ки манқуртшудаанд, ба ҳам мешуронанд ва …..

Нигоштаи Шерзамон Алимовро дар саҳифаи фейсбукиаш хонда ин ва чандин суолҳое, ки дар боло нигоштам зеҳнамро хира сохт. Наход ин фарзанди тоҷик то ин дараҷа ба пулу моли хориҷиёну аҷнабиен фурухтаю ғулом шуда бошад, ки имрӯз бо гуфтору рафтору пиндору кирдораш нобахшиданитарин иҳонатро ба ватану миллаташ раво мебинад?! Наход ин тоҷики аз домони тоҷик сабзидаю нони хони тоҷикро хурдаю калоншуда, имрӯз худро тоҷик нашуморад. Нафақат худ, чунон муроҷиат мекунад, ки балки гуё тамоми мардуми Бадахшон ғайритоҷик бошанд. Ин хиёнат аст бар миллати худу сарзамини худ.

Иғвою дасиса ва тавтеа, ки танҳо аз шайтон сохтаю бофта аст, дар суханонаш эҳсос мешавад. Хайри инсонро танҳо шайтон метавонад ҳамчун шарри ӯ тавсиф намояд. Наход мусодираи силоҳу маводи мухаддиру дастгир кардани чанд ҷинояткоре, ки барои худи мардуми Бадахшон бадбахтӣ овардаасту бадбахтӣ меорад, боиси коштани тухми нифоқу, маънидод кардан ба рузҳои шум гардида бошад. Кадом соҳибақл ин корҳоро, ки ба хотири салоҳи мардуми оддии бечора аст, боиси бадбахтию нифоқ мешуморад? То кай бо тавтеаи Алиму чанд нафари дигар мардуми бечораи ноогоҳи Бадахшон барои чанд нашъаҷалобу силоҳфуруш бояд ба хиёбон бароянду назди мақомот ҷамъ оянд? То кай як инсон метавонад, то ин дараҷа иғвогару хоин ва беномус бошад, ки бо шурондани мардум худрову манфиатҳои ғаразноки худро пушти домони чанд зан пинҳон созад.

Кадом хомӯш набуданро Алим тақозо дорад? Хомуш нанишастан пайи дастгирию пуштибонӣ аз туву чанд ҷинояткори дигар? Албатта ҳадафу мақсадат мушаххас аст. Аммо ман бароят мегуям: ин мардум аз туву тубаринҳои ҷинояткор, ки ба ҷуз нашъаманду нашъаҷалобу силоҳфурушу қочоқчию майхораи маишатӣ кардани фарзандони онҳо кори дигар надоред, садҳо маротиба безор аст, безор. Бо ин гуфтаҳо, ки дар сафи пеши муборизин алайҳи маҳалгароиву «ту тоҷик»-у «ман помирӣ»-гӯи қарор дорӣ наметавонӣ шарри бадат, яъне боз миёни мардум ҷудоиандозиву иғвоандозиатро пушонӣ. Зеро ту шайтонӣ, аммо ин мардум, ки нодон нестанд. Вале ин дафъа аз ҳама ҳудуд гузаштӣ. Ман помириву фалони куҷоӣ гуфтанат кам буд, ки ман помириву ту тоҷик гуфтанро оғоз кардӣ. Ин, ки волоияти қонун дар як гушаи Тоҷикистон таъмин мешавад, мардум осуда мешаванд, барои туи шайтон нооромӣ меорад? Касе ҷудоиандоз нест, фақат туи, ки миёни мардуми ду минтақаи Тоҷикистон, ки як миллатанд, ҷудоӣ меандозӣ. Чи ҷои бонги изтироб? Магар мубориза алайҳи ҷинояткорию ҷиноят боиси бонги изтироб аст? Инро аз кӣ омухтӣ? Магар аврупоӣ шуда тинҷию амониро боиси изтироб медонӣ? Ё кадом нақшаҳои шумро хоҷагонат дар сари ту тавассути Бадахшону бадахшониҳо мепарвариданд, ки дар пайи барабасравист?!

Эй шайтон дар хотир дошта бош, ки помирӣ тоҷик асту, Помир ҷузъӣ ҷудонопазири Тоҷикистон!!!

Қозибек Додихудоев, сокини ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg