БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дассисаву иғвои хоинонро бе ҷавоб намемонем!

 ВОКУНИШ.Воқеаҳои солҳои охир аз рўи фаъолияти носипосона ва ғаразмандонаи ҲНИ (ҳизби мамнўъ дар Тоҷикистон) пардабардорӣ намуд. Имрўз миллати точик хуб дарк намуд, ки як гурўҳи ифротгаро бо истифода аз калимаи мубораки Ислом ва таъсиси ҳизби сиёсӣ бо ин ном рў ба харобкорӣ, дилшикастагӣ оварда буд, ниёз надоранд.

Ҳамарўза хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, дастпарварону пайравони ҳизби наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, мехостанд ба сари мардум бор созанд. Ин аст, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ мазҳаби халқи худро фурӯхта, ғуломи мазҳаби бегона, яъне «хоин – хоини Ватан, миллат» шуданд. Инчунин онҳо тариқи сайтҳои ифротгарои наҳзатӣ атрофи далелҳо ҳарф мезананд. Мехоҳанд, ки нишон диҳанд, наҳзатиён террористу аҳли шиа нестанд. Аммо ҳамагон аз амалҳои шумо террористону шиаҳои сиёсӣ огоҳ буда, ҳоҷат ба пинҳон кардан нест. Аммо миллати сулҳпарвари тоҷик ба ҳарфҳои шумо дигар эҳтиёҷе надорад ва гўш ҳам намедиҳад. Зеро тиннату ботини шумо аз амали инсоният дур аст. Барои пойдории сулҳ намегузорад, ки шумо лаҳзае даст ба ифроту тундгароӣ занед. Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмиллалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳаби, пош доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ аҳолӣи кишвар хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.   

Имрўз дар Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби тавоною пешбарандаи ҷомеа қувваҳои фаъол ва созандаро сарҷамъ намуда, боиси боло рафтани нуфузи сиёсии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст. Кор дар байни аҳолӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагонии шоиста ба мардум рисолати касбии ҲХДТ мебошад. Новобаста ба ин тамоми мардуми Тоҷикистон, сарфи назар аз шомили кадом ҳизбу ҳаракат буданашон шукрона аз сулҳу ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз менамоянд. Мардуми Тоҷикистон  ҳамеша ҷаҳду талош менамоянд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон абадӣ боқӣ бимонад ва истиқлолияташ умри бепоён дошта бошад.

 

Толибов Исмон- узви гурҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

                                                                 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg