БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба дассисабозиҳо ва мақсадҳои нопоки хоинони миллат нуқта мегузорем!

ВОКУНИШ. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба боварии динии шахсон таъсир расонида, онҳоро ба ақидаҳои дуруғини худ думболагир мекунанд, ки гўё сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Бояд ҷиддан таваҷҷуҳ дод, ки қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.

Асоси ба амал пайвастани ҷангу хунрезиҳои даҳшатбор, пеш аз ҳама, дар маҳалчигию мансабталошии иддае аз мансабдорони давр дар соли 90-ум буд. Ҳар кадом курсинишинони боло мехостанд курсии аввалиро ишғол намоянд. Батадриҷ ин амалҳои дар асл беасосу бемавқеъ мардумро ба гирдоби ҷанги хонумонсўз кашонид.

Аслан дар ҳамон давраи пурэҳсосот забондонон, нотиқони аз ҷониби мансабталошон зархаридшуда хизмати хирсона намуданд. Қисме аз онҳо шомили ҳизбу ҳаракатҳое буданд, ки мақсаду муҳтавои нопоку ғайримиллӣ доштанд, барояшон манфиати хоҷагонашон аз манфиати давлату миллат, халқу Ватан даҳҳо маротиба авлотар буд.

Баъди ҷангҳои даҳшатбор ва ба амал пайвастани хисороти ҷонию молии зиёд бо ташаббуси роҳбарияти кишвар, махсусан Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мардум сарҷамъ карда шуда барои ободонию бунёдкориҳо дар кишвари азизамон сафарбар шуданд.

Бубинед имрўз Тоҷикистон-Ватани маҳбуби мо дар кадом сатҳи рушду тараққиёт қарор дорад.

Вале онҳое, ки ташаббускори ҷангҳои онвақта буданд, аз он ки ба мақсадҳои худ нарасиданд, ҳарчанд давлат  гуноҳашонро борҳо авф карда бошад ҳам, боз дар пайи халал расонидан, расидан ба мақсадҳои зишту нопоки худ ҷаҳду талош доранд.

Вақтҳои охир ТЭТ ҲНИ дар ҷумҳурӣ амалиётҳои нопоки худро боз ҳам фаъол намуд. Дар натиҷаи чунин сиёсат, воқеаҳои нангини дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб рухдода, ки аз тарафи зархаридони хориҷӣ бо роҳбари хоҷагони хориҷӣ ҷавонони аз саводу маърифат дур бо сайёҳони хоричӣ содир намуданд, ки боиси тааҷўби мардуми кишвар гардида он ҳамаҷониба маҳкум гардид.  Ин амали ноҷавонмардона ҳамчун хиёнат ба Ватан, Модар ба ҳисоб рафта, он нобахшиданист.

Дар муддати 27-сол дар ҷумхурии тозаистиқлоли мо чандин амалиётҳои нопоки ин ҳизби мамнўъ танҳо бо ташаббусу дархосту ташкилотчигии хоинони Ватан, роҳбарони гурўҳҳои тундрав ба монанди ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи-24, ки бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ фаъолият доранд, ба амал оварда шудаанд.

Ин гурўҳҳои нохалаф бо мақсаду нақшаҳои хоҷагони хориҷии худ боз як созмони нави террористиро бо номи «Паймони миллӣ» таъсис додаанд. Бо таъсиси ин ташкилоти экстремистӣ хаёл мекунанд, ки корашон омад мекунад. Чӣ хеле бо забони мардум мегўянд «Хар ҳамон хару туқумаш дигар аст». Вале ҳайҳот,  бо иваз кардани ном фаъолияташро бо ҳамон самти пештара давом медиҳад. Инро ҳеҷ инкор карда наметавонанд Исботи одии фаъолияти нохалафонаашон амали ноҷавонмардонаи Сулаймони Орзу дар Варшаваи Лаҳистон мебошад. Бо ин амалҳо мардуми Тоҷикистонро дигар фирефта карда наметавонанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамеша ҷаҳду талош менамоянд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварашон абадӣ боқӣ бимонад. Дар Тоҷикистон баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  сулҳу оромӣ ҳукрмфармо буда, кулли мардуми Тоҷикистон ҷонибдори содиқи сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд.

Мардуми Тоҷикистон хизматҳои таърихии ин фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари хирадпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хусусан ҷиҳати барқарору пойдор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, ба пуррагӣ эҳсос карданд ва ба он арҷ мегузоранд.

 

С.Хоҷаев- узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg