Наҳзатиёни террорист ба Эрон ва Аврупо ҳам зарар оварданд

ВОКУНИШ. Боиси қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2017) қайд доштанд, ки “дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд”.

Тоҷикистон бо ғараз ва кӯшишҳои баъзе қувваҳои носолим, махсусан наҳзатиҳои ифротӣ ба вартаи ҷанги шаҳрванднӣ афтод. Ҷанги шаҳрвандӣ албатта, ба пешравӣ ва рушду камолоти ҳамаи соҳаҳои мамлакат таъсири манфӣ расонида, боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардид. Яъне ҳазорҳо мардуми Тоҷикистон низ дар солҳои 90-уми асри гузашта, зимни содиршавии ҷиноятҳои террористӣ қурбонӣ гардиданд.

Хушбахтона, тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими худ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, имрӯзҳо тамоми мардум саҷамъу ва дар фазои сулҳу ваҳдат зисту зиндагонӣ доранд. Дар айни ҳол  ҳадафҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳуқуқҳои конститусионии шаҳрвандон, инкишофи сулҳ, ҳифзи аҳолӣ, соҳибихтиёрӣ, якпорчагии давлат, роҳандозии муносибатҳои дӯстона ва хайрхоҳона бо ҳамаи давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Мутаасифона, ташкилотҳои террористию экстремистие ҳастанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу васила ваҳдату суботи моро халалдор намоянд. Пушида нест, ки имрӯзҳо тариқи расонаҳои хабарӣ, яъне бо усули муборизаи иттилоотӣ хоинони давлату миллат аз дур истодаву санги маломат ба тарафи давлатдории миллии мо мепартоянд. Бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан, зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ба назар мерасад. Ҳарчанд муаллифон зодаи Тоҷикистон ҳастанд, вале дар асл муносибати дурушт бо ватани хеш доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ҳасудхӯрон аз дуруғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Ҳарчанд раҳбари фирории ҳизб ва пайравони гурезааш вобаста ба ҳар воқеае изҳороти нодуруст медиҳанд, тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург аз ҳақиқат огаҳанд ва ин амалҳоро шадидан маҳкум месозанд. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ як чизро фаромуш накунад, ки наҳзатиёни террорист ба хоҷагони хориҷиашон - ҳам ба Эрон ва ҳам ба Аврупо аллакай зарари худро расонидаанд. Яъне аз як сӯ обрӯи режими кунунии Эронро ҳамчун пуштибони террористон дар ҷаҳон муаррифӣ кунанд, аз сӯи дигар ба қатл расидани сайёҳони хориҷӣ ба дасти наҳзатиён оғози террори Аврупо бо дасти ин террористон аст.

Аз ин рӯ дар чунин шароит барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату субот дар ҷомеа моро беш аз пеш зарур аст, ки атрофи сиёсати хирадммандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем.

Бозорзода Сафаралӣ – узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg