БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни сархури халқ оқибат сари хешро чу гирдоб хоҳанд хурд

ВОКУНИШ. Наҳзатиёни сияҳдил бо мақсади худсафедкунӣ ва худнамоӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои пасти “байналмилалӣ” бо роҳу усулҳои маъмул мардумро ба фитна даъват мекунанд.

Ташкил баргузории ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Варшаваи Полша (Лаҳистон) худ гувоҳи онанд. Рафтори ноҷавонмардонаи ин ашхос ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ баръало маълум мебошад. То ҳол аз ёди мардум ошуби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015, ки аз ҷониби ҲНИ ташкил ва ноком гардид аз ёд нарафтааст. Ҳатто ҳодисаҳои нангине, ки бо ҷурми наҳзатиёни ватанфуруши сархур ба сари миллати тоҷик омад бар ёдҳо боқист. Бо кадом рӯй ӯ боз худро сафед карда, гӯё бегуноҳии худро нишон медиҳад. Дигар ягон ҳиллаву найранге намонд, ки ин бадхоҳи миллат накарда бошад.

Исботи ин иқрори яке аз саркардагон аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИ Аёмиддин Сатторов дар намоиши телевизмонии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” , ки тамоми мардуми ҷумҳурӣ онро тамошо намуда, аз кирдору найрангҳои ғаразноки онҳо пурра воқиф шуданд, ба ӯ боз чи хел далел лозим бошад.

Аёмиддин Сатторов дар баромади худ тамоми роҳбарияти собиқ ва имрӯзаи ҲНИ-ро танқид намуда, ба қавли худ иқрор шудааст, ки аз кирдорҳои содиркардааш пушаймон аст. Имрӯз бошад худро одами холис беғараз нишон медиҳад ва дигар ҳамсафони худро, ки қисме аз онҳо ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, сиёҳ мекунад.

Аёмидин Сатторов ҳангоми гиридиҳамоии майдони шаҳидон чунон устокорона ва таъсирнок барои мардуми ноогоҳи аз ҷониби онҳо ба майдон кашида суханронӣ менамуд. Ҳамагуна шиорҳо ва даъватҳоро устокорона тариқи умумӣ бе фикру далелҳои саҳеҳ мушаххас сухан ронда, аз камбудиҳои асосии ҷойдошта чизе нагуфта, ҳамаи айбро ба сари роҳбарият ва ҷонибдорони қонун мерехт.

Дар байни сокинони қисматҳои манотиқи ҷумҳурӣ тухми кинаю адоватро барангехта, оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон барафрӯхтанд.

Аз суханронии ӯ ва дигар саркардагони ТЭТ ҲНИ маълум гардид, ки онҳо барои ташкили давлати исломӣ аз Ҷумҳурии Эрон ва давлатҳои Халиҷи форс кӯмакҳои калон гирифта, мардуми ноогоҳро муҳоҷир карда, ба давлати Исломии Афғонистон бурданд. Наҳзатиҳо сармояи ҷудонамудаи ин давлатҳоро азхуд карда, аз ҳисоби мардуми муҳоҷир рӯз мегузарониданд. Ба худашон хонаҳои боҳашамат, мошинҳои хориҷии дабдабанок, посбонҳои шахсӣ барои муҳофизаташон гирифтанд. Ҳама рафтори саркардагону роҳбарони ҲНИ боиси нобоварии онҳо ба Ҳизби наҳзати исломӣ гардид. Мардум, хусусан баъди аз давлати Афғонистон баргаштан манзараҳои нохуши деҳаю маҳаллаҳояшонро дида, аз мақсадҳои нопоки онҳо воқиф гардиданд. Дигар онҳо ба ин бадхоҳони миллат иҷозат намедиҳанд, ки Ватани моро дубора гирифтори чунин амалҳо гардонанд.

Акнун шароит дигар шуду замона дигар. Мардум неку бадро фарқ карда метавонад. Ҳамаи даву тозҳо ва тафриқаандозиҳо ва аз минбарҳои баланд кофтаю худсафедкунии М. Кабирӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон заррае аҳамият надорад. Ӯ ва ҳаммаслаконаш ҳамчун як хоинони миллат қарор доранд.

Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон сиёсати инсондӯстонаю ватанпарастона ва буёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, барои шукуфоию сарсабзии он аз дилу ҷон заҳмат кашида истодаанд.

Ҷ. Ҷумаев, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg