Шукрона хоки ин Ватан бояд кард!

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Кишт бо сокинону ҷавонон ва фаъолони ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузори чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал доир гардид.

Вохӯриро мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Сунатуллоева Мавзуна кушода, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлолӣ тоҷик ва нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад.         

Баъдан вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Одинаев Муродалӣ ба сухан баромада,  дар бораи огоҳонидани хавфу хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ, ТТЭ ҲНИ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, тарбияи дурусти ҷавонону наврасон дар роҳи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ, саҳм гузоштан бо меҳнату заҳмати содиқонаву софдилона дар корҳои ободониву созандагӣ андешаронӣ карда, афзуд, ки душманони миллат намехоҳанд Ватани азизамон рушду нумӯъ ва пешрафта гардад, мардумаш зиндагии осудаву ором дошта бошад ва бо ҳар баҳона, ҳиллаву найрангҳои худ фазои тинҷу ороми моро ғуборолуд созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg