Саг гуфтани наҳзатиён таҳқир нисбати саг аст!

ВОКУНИШ. Барои мондани як номи мувоффиқ ба мақолаи навиштаам соатҳо андеша кардам, ки чи номе гузорам, ки ба ин «Ватандӯстони сарсупурда» шоиста бошад. Ин анҷуманороёну иттиҳодсозонро саг гуфтан хатто аст, зеро саг аз инҳо дида вафодортар аст ва ҳеҷ гоҳ ба соҳиби худ хиёнат намекунад. Ин иттиҳодсозон косалесонеро мемонанд, ки барои адои пулҳои хурдаашон қодиранд ба ҳар кори паст даст зананд. Воқеан, барои ҳар як ватандори воқеъӣ хандаовар аст, ки Муҳиддин Кабирӣ ва се думбардори дигараш дар бораи Истиқлолу паймони миллӣ сухан мегӯянд. Инҷо суол ба миён меояд, ки ин пастфитратҳо наход мардуми тоҷикро ин қадар гумроҳ фикр кунанд. Ҷавоби ин суолро ба души ҳар як ватандору ватандӯст ҳавола мекунам, зеро имрӯз ҳар як Тоҷикистонӣ дар мизони андешаи солими хеш сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад. Таъсиси «Паймони хоинони Тоҷикистон» дар арафаи 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дасисаи навбатии ин гуруҳҳои ба қавли худашон “мухолифин” аст, то бо оростани ин маҳфил тавонанд назари хоҷагонашонро ба худ ҷалб намоянд ва ё адои қарзашон каме ҳам бошад, сабук гардад. Ин «Паймонороён» ба андешаи худ вонамуд карданд, ки гуё чор созмони алоҳидае ҳастанду барои “ояндаи дурахшони хоҷагонашон” созишнома ба имзо мерасонанд, вале дар асл ҳадафу мақсад ва мароми ин чор шағоли лаъин якест. Танҳо хизмат ба хоҷагони хориҷӣ ва адои маблағҳое, ки дар гарданашон қарз асту аз он роҳи фирор надоранд. Инҷо гап сари иштирокчиёни “ҷашн”-и мазкур меравад. Ба андешаи банда он наваду нуҳ фисад аз иштирокдорони чорабинӣ ё барои тамасхуру масхарабозӣ, ё барои дидану хандидан ва ё барои дилсӯзию ҳамдардӣ вориди “чорабиниашон” гардида буданд. Ин чор нафари “маҳфилоро” низ ба худ ва суханони худ имону боварӣ надоранд, зеро забону қалб якро намегӯяд ва мусаллам аст, ки паси ҳар як ибрози андеша ҳазорон ҳиллаву найранг нуҳуфтааст. Ба қадри Истиқлолият расидану онро арҷ гузоштан аз ҳар як шахси ватандору худшинос масъулияти зеёдеро талаб мекунад. Аммо ин пастфитратҳо куҷову Истиқлоли миллӣ куҷо. Агар имрӯз мо 27 солагии Истиқлолияти давлатии кишвари хешро ҷашн гирем, ин лаънатиҳо як умр аст, ки теша ба решаи ин миллат ва Истиқлолу озодии он мезананд ва нақшаҳои ғаразноки худро барои ноором сохтани ин давлат амалӣ анҷом додан мехоҳанд. Хушбахтона имрӯз парда аз рӯйи найрангҳои ин хоинон бардошта шуду мардуми тамаддунофару ватандӯсти тоҷик ба андешаи бунёди дурахшони Ватан камари ҳиммат бастаанд ва зери ливои сулҳу дӯстӣ дар асри нав бо иродаи қавӣ қадам мениҳанд.

М. Р. Рустамзода –узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg