БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гурӯҳҳои ифротӣ аз паст будани сатҳи маънавиёт истифода мебаранд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаҳо дар ташкилоти ибтидоии «Пиллақабулкунӣ»  дар  ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хуҷаев Сайдаҳмад иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу гурӯҳҳои  ифротӣ, огоҳонидани мардум  аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, дар байни сокинон бештар бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати  назорати ҷиддӣ зоҳир намудан  ба таълиму тарбияи фарзандон, алалхусус ҷавонон, баланд бардоштани савияи дониши онҳо андешаронӣ карда, зикр намуд, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз паст будани сатҳи дониши  ҷавонон истифода карда, онҳоро бо ҳар роҳу восита ба доми худ мекашанд, ки ин боиси  рух додани амалҳои террористӣ мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg