БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён дар байни сокинон корҳои фаҳмонидадиҳӣ мебаранд

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «М.Навобод»-и маҳаллаи Навободи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба ҷадвали баргузории вохӯриҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, вакилони маҳаллӣ ва ҷавонони маҳалла бо мақсади татбиқи Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҷамъомад доир гардид.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Самадзода Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Ҷамолиддини Маҳмашариф дар рафти вохӯрӣ оид ба  татбиқ намудани Аксияи мазкур ва дар якҷоягӣ ҳал кардани мушкилотҳои ҷойдошта дар маҳали зист,баҳри ободу зебо гардонидани диёр андешаронӣ карданд.

Инчунин, масъулин  иброз доштанд, ки ба хотири дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намуда, ҳар як сокини маҳалла бояд саҳми арзандаи худро дар корҳои созандагиву ободкорӣ гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg