БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ боиси ҳар чи зудтар расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ мегардад

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумита дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби ронандагӣ»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ дар мавзӯъи «Сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода раиси ташкилоти ибтидоии болозикр Солеҳов Мирзокарим дар сатҳи баланд баргузор карда шуд.

Зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидзода сараввал қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҳадафи стратегии худро, аз ҷумла, таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ тасдиқ намудааст.

Дар паёмади дастоварди мазкур вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин сарвати бебаҳоро бо сарфаву эҳтиёткорӣ исифода бурда, ҳаққи хизматрасонии барқро сари вақт ва бовиҷдонона пардохт намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg