ҲАМАДОНӢ. Бо мақсади иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Почта» вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки мо бояд имсол ба 800 адад нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва ба 700 адад «Ҳамрози халқ» обуна шавем.
Аз ин лиҳоз ҳар яки моро лозим аст, оид ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои сари вақт иҷро кардани нақшаи ба зиммаамон буда, саҳми арзандаи худро гузорем.
Инчунин, дар идома мавсуф доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии шаҳрвандон аз амалҳои номатлуби ҷомеа, мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун омили хатарнок ба иқтисодиёти кишвар андешаронӣ намуд.