ФАРХОР. Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Андоз" хониши сиёсӣ доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, ҳадафҳои стратегии мамлакат ва Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" ва дар бораи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи об суханронӣ намуд.
Мавсуф ёдовар шуд, ки мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки истиқлолият на танҳо ифтихор кардан аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ аст, балки заҳмат кашидан ба хотири таҳкими ин дастоварди беназири таърихӣ ва пешрафти имрӯзу фардои Ватани маҳбубамон мебошад.