ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сомон» -и шаҳри Левакант чорабинии фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок доштанд.
Зимнан масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардум, ки дар он ҳунарҳои миллӣ бо бо нақшу нигорҳои гоуногун, аз қабили чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, мӯйбофӣ, занони рӯзгордидаи маҳалла бо пӯхтани нонҳои ширмолу хӯрокҳои миллӣ, рақсу сурудҳои дилнишин дар чорабинӣ ҳусни тоза бахшида буд, дидан карданд.
Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки мақсади баргузории чорабиниву вохӯриҳо таҳкими Ваҳдати миллӣ, дар амал татбиқ намудани интизориҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сафарбар намудани сокинон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, инчунин ҷалби онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ иборат мебошад. Ҷойи ифтихор ва шукургузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст, дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.
Бояд дар хотир дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем.
Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад.