БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи дуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ кафолати маънавиёти солими мост

ПАНҶ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  робита бо маҳал  дар  ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот, Шомаҳмадзода Музаффар хониши сиёсӣ доир гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳими рӯз  мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.

Масъулини Кумитаи иҷроия дар  баромадашон оид ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки вазъи ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, чунки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин замон хеле душвору пуртаззод аст. Вобаста ба таҳдидҳои асри нав терроризму экстремизм  суханронӣ шуда, қайд карда шуд, ки яке аз ин таззодҳое, ки ҷаҳони имрӯзаро  ба ташвиш овардааст, гурӯҳҳои ифротӣ, терроризму экстремизм мебошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ  ба як василаи хатарноки гумроҳ сохтан ва ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҷалб кардани ҷавонон гардидааст. Яъне, бо сабаби нодуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шуда, худ аз он бехабар ҳаёти худ ва наздиконашонро зери хатар мегузоранд.

Баъдан, аз ҳар як нафар иштирокчии ин чорабинии сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ  лозим аст, ки таблиғу  муарифии таъриху фарҳанги миллӣ, ҳамзамон таблиғи истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои  иҷтимоиро  миёни ҷавонон  ба роҳ монанд.

Дар охир  муовини раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Ҳақиқат”   Ғафуров Сайдамир ба сухан баромада,  оид ба мақсаду мароми некбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, бо боварии комил баён намуд, ки дар амалӣ гаштани ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи  Пешвои миллат ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб  якдилона саҳмгузор мешаванд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg