МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти ба номи Ш.Шоҳини ноҳияи Мӯъминобод бо сокинони деҳаи мазкур тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ Гулсунбӣ Раҷабова самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, ба дарки ҷавонон расонидаи моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ-ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот, амнияти кишвар, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуда, инчунин озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро муҳокима карда, сокинонро барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват намуд.
Баргузории чунин вохӯриву чорабиниҳо дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.