БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги миллӣ таҷассумгари оинҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик аст

КУШОНИЁН. Баргузории вохӯрӣ бо мардуми ҳунарманди деҳаи Пахтақайнари ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Сатторова Мунаварра ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ доир гардид, ки дар қисмати сиёсии он масъулин қайд каранд, ки дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкорӣ, намоиши таомҳои миллӣ, созандагиву ободонӣ тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон ин ҳам аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд.

Ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми кишвар аз як тараф аз нав эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар тарбия кардани ҷавонон ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои ниёгон ба онҳо мебошад, то ин ки ҳунарҳои аҷдодиамонро аз худ намуда, ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ созанд.

Дар баробари андешаронӣ Сатторова Мунаварра оид ба пешгирии сокинон, аз ҷумла ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳарф зада, мардумро бори дигар аз хавфу хатарҳои  ташкилотҳои террористиву экстремистӣ огоҳ намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳамагон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки аҳли заҳмати деҳа маҳсулоти дастони хешро ба маърази дид гузошта буданд, дидан карда, ба ҳунару маҳорати волои ҳунарманди чирадсту хушзавқ баҳои баланд доданд ва беҳтарин ҳунармандонро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg