КӮЛОБ. табқи ҷадвали тасдиқшуда, дар деҳаи Хучархии ҷамоати деҳоти Даҳана намоиши ҳунарҳои марумӣ баргузор гардид, ки зимни он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ Валиева Саъбагул суханронӣ намуда, қайд кард, ки албатта, ҳунарҳои мардумии тоҷик хеле зиёд ва ҳар яки онҳо бозгӯкунандаи рӯзгори хуррами тоҷиконанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки онҳоро боз ҳам беҳтару бештар омӯзем, пажӯҳиш намоем ва ташвиқ созем. Дар ин замина, ташаббуси муҳими Пешвои миллат, аз як тараф иқдоми наве барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва сайёҳӣ дар дохили кишвар ба ҳисоб равад, аз тарафи дигар, барои ба ҷаҳониён бештар шиносонидани фарҳанги бою ғании тоҷикон мебошад.
Ҳамзамон, дар охир сокинон ба иштирокчиёни чорабинӣ бобати самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.