ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Паркамчии ҷамоати деҳоти Пушинг хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, оид ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар маҳалҳо бахшида ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, риояи қонунҳои миллӣ, таҳкими дӯстии Тоҷикистон Ӯзбекистон, сафари кории Президенти мамлакат ба ВМКБ, ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоили дипломатияи об суханронӣ намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ ба кишвари ташаббускор шинохта шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд, ки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони фарзонаи миллат дониста мешавад. Саҳми ҳар як аъзои ҷомеаи осоиштаи Тоҷикистон дар пойдориии Истиқлолияти давлатӣ бузург арзёбӣ гардид.