БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ манбаи хуби даромад барои занони хонашин гаштааст

БАЛҶУВОН. Дар деҳаи Дараи Боҳтури ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо сокинони деҳа атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳурнарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тақвияти ҳизб бо маҳал, рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷалби шахсони бекор ба хоҷагидорию, соҳибкорӣ, ва дигар касбу ҳунарҳои мардумӣ дар хона, аз ин ҳисоб паст кардани шиддати бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи камбизоатӣ, огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии сокинон аз шомилшавӣ ба ташкилотҳои террористии дар Тоҷикистон мамнуъ, сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Ватан-Модар андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар ин раванд Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар охир сокинон мақсади роҳандозии Аксияи номбурдаро хуб дарк карда, иброз доштанд, ки минбаъд он маблағҳое, ки ба ҷашну маросимҳои беҳуда сарф мекунанд дар таъмири роҳу пулҳо, обод кардани манзили истиқоматӣ, шароити хуб фароҳам овардан дар рӯзгори ҳаррӯза ва дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманди ҷомеа кӯшиш хоҳанд намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg