БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳми шаҳрвандии мо дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетики аз падохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии барқ сарчашма мегирад

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони шабакаи барқи ноҳияи  Мӯъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротов ва раиси ташкилоти ибтидоии «Шабакаи барқ» Бадалиев Умар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Салоҳиддин Мирзобаротов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самарноки нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб, фарҳанги оиладорӣ, таҷрибаи рӯзгордорӣ, донишу малакаҳои онҳо дар ташкили хонавода, пешгирии зӯроварӣ дар оила, нисбати фарҳанги либоспӯшии занону духтарон, ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ расонидан ба оилаҳои носолим, риояи талаботи қонунҳои миллӣ  андешаронӣ намуда, иштирокдоронро барои  иштироки фаъолона дар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, амалӣ намудани мақсаду мароми ҲХДТ-ҳамчун нерӯи созандаву бунёдкор дар ҷомеа раҳнамоӣ намуд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg