БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ояндаи неки Ватани худро аз наҳзатиҳои лаънатӣ ҳимоя мекунем!

ВОКУНИШ. Бисту ҳафт сол муқадам бо ибтикори ин “паймонороён”-и хоин Тоҷикистони тозаистиқлол ба шадидтарин буҳрони сиёсӣ рӯ ба рӯ гашту мардуми Тоҷикистон аз сарсониву гушнагӣ фирорӣ гаштанд. Касе умеди зинда монданро надошт. Вақте, ки мардум саоату рӯзҳо дар навбати нон меистоданду бархе аз гуруснагӣ ҷаву сабус ва ҷигориву арзан мехурданд, ин мардумфиребони хоин дар хориҷи кишвар, аниқтараш дар давлати Эрон дар кайфу сафо рӯз мегӯзарониданд. Худованд ҳеҷ аъмоли бадеро беҷавоб намегузорад. Гуноҳи нобахшиданӣ ин хиёнат намудан ба Модар, ба миллат ва ба Ватан аст, зеро «Ватандорӣ як гӯшаи имондорист» гуфтаанд. Маҳз ҳамин лаънатиҳои ватанфӯруш дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тавонистанд, ки мардуми тоҷикро ба гумроҳӣ баранду хонаи ҳазорон тоҷику Тоҷикистониро оташ заданд. ҳазорон модарро бефарзанд, ҳазорон фарзандро бе падар, ҳазорон занро бешавҳар ва ҳазорон падарро душмани писари худ гардониданд ва имрӯз Кабирии лаъин дар оғози ҳар як сухани хеш дар бораи каломи Худои меҳрубону бахшоянда сухан мегӯяд. Дигар Кабирӣ ба ҳоли табоҳе расидааст, ки на аз нафрини Худо метарсаду на аз маргу бандагӣ. Дарде, ки ба узвҳои ин миллат ин разилон зери ниқоби «Исломи муқаддас» бо террору хунрезӣ, таркишу оташафрӯхтан, фиребу найранг оварданд, дар воқеъ ягон узвҳоро қарор нагузошт. Хушбахтона ба бахти баланди миллати тоҷик Худованд мардеро ато намуд, ки мардумро аз бадбахти наҷот дода, шуълаи умедро дар дили ҳар як тоҷику Тоҷикистони бедор намуд.Имрӯз бунёди «Паймони миллии Тоҷикистон» -и шумо ба ягон тоҷику тоҷикистонӣ лозим нест, чун миллати тоҷику тоҷикистониро тавассути Пешвои муаззамаш дар тамоми дунё мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Агар миллати тоҷик ба умеди Анҷуману паймонҳои шумо бадхоҳони миллат, бозичаи дасти бегонагон мебуд, ҳеҷ гоҳ рӯзи равшан ва субҳи собиқро намедид. Бо ташаббуси созанда ва ватандӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраҳои намоёни тоҷик, фарҳанг ва таърихи ғании он ба тамоми мардуми дунё муарифӣ гардидааст. Имрӯз ҷавонони тоҷик тавассути сиёсати хирадмандони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии берун аз Тоҷикистон таҳсили илм ва кору фаъолият доранд. Мо якҷоя бо ин ҷавонони саодатманд ояндаи неки худро аз ҳама гуна хатарҳо ҳифз мекунем.

Абдулқосим Мусоев – узви гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg