БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки ҲХДТ дар якҷоягӣ бо мардум татбиқ мегарданд!

Ҷ.БАЛХӢ. Дирӯз вохӯрии кормандони масъули ҳизб бо мардуми ҳунарманди маҳаллаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Х.Асоев  иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки мо ҷиҳати дар руҳияи мардум тақвият додани ҳунармандиву бунёдкорӣ, намоиши таомҳои миллӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагидорию соҳибкорӣ, созандагиву ободонӣ тарбия кардани насли наврас ва ҷалби бештари сайёҳон ба давлати азизамон-Тоҷикистон диққати махсусро равона намудаем.

Инчунин, дар идома масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли тақвияти робита бо маҳал ва  эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карда, дар ин раванд моҳияти  озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро баррасӣ карда, онҳоро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват намуданд.

Дар қисмати фарҳангӣ ҳамагон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони чирадаст, кишоварзони асил, ки бо меваҳои шаҳдбору  сабзавоти тару тоза  ба ҳусни намоишгоҳ таровати хоса зам менамуд,  дидан карда,  ба аҳли заҳмати  маҳаллаи номбурда ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат  дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ,  таъмини амнияти озуқаворӣ ва  бозорҳои истеъмолӣ бо сабзавоту меваҷот  раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg