БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бадхоҳони хориҷии Тоҷикистон наҳзатиёни гумроҳро ҳамчун яроқ истифода бурда истодаанд

ВОКУНИШ. Тамоми табақаҳои ҷомеа хуб медонанд, ки то ба ин рӯзи пурсаодат расидан, ин Истиқлолияту Ваҳдатро ба даст овардан садҳо ва ҳазорҳо нафар ҷавонони миллат ҷонбозиҳо карданд, Ватан гуфтаанд то ба ин хушрӯзиҳо расидем.

Насли навро зарур аст, ки илму донишро раҳнамои худ қарор дода, ҳамқадами замон бошанд. Барои ин пеш аз ҳама соҳиби он масъунияти маънавие бошанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ натавонанд онҳоро ба доми худ кашанд. Дарк намояд, ки маҳз сӯистифода аз дин ва ифротгароӣ дар ислом имрӯз кишварҳои мусулмониро ба майдони муноқишаҳои мусалаҳона ва дар маҷмуъ ба майдони бадбахтиҳои бузург табдил додаст.

Барои ҳар як давлату миллат, аз ҷумла, Тоҷикистон маҳбуб ва миллати бофарҳанги мо яке аз шартҳои расидан ба зиндагии осоишта ва босаодат рӯ овардан ба илм ва дур будан аз хуруфоту ҷаҳолат мебошад.

Мутаассифона, бо дахолати хориҷиён якчанд гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки маҳз мехоҳанд аз роҳи бозӣ кардан ба эҳсосоти динии мардум ҷомеаро гумроҳ ва кишварро ба майдони нооромиҳо табдил диҳанд. Чунин гурӯҳ гуруҳи наҳзатиёни хоин мебошад, ки кӯшиш мекунанд худро ба ҳар роҳу восита дар ҳар ҷо намоиш диҳанд. Намоиши навбатии наҳзатиён таъсиси кадом як паймони ҷоҳилона буд, ки миёни чор аъзои худ бастанд. Ин паймонашон чунон шармовар буд, ки ҳатто хоҷагони хориҷиашон онро эътироф накарданд.

Чаро? Дар эълону эломияи паймони ин ифротиён омадааст, ки онҳо босмачиёнро сафед карда ба роҳи онҳо мераванд. Тавре дар тамоми дунё огоҳанд, замони босмачигарӣ як замони тираву тори мардуми осиёи миёна буд. Аз ин хотир касе дигар ба ин босмачипарастон ҳамрайъи зоҳир накард, баръакс, хоҷагони хориҷиашон ҳам бо ҳама ҳадафҳои нопоки худ ин идеяи аблаҳонаи наҳзатиёнро бардошт карда натавонистанд.

Дар робита ба ин ҷавонон бояд ҳушёр бошанд ва ҳамеша дар ёд гиранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, аз намояндагони ин қишри ҷомеа даъват ба амал овард, ки аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла узвият ба ҳар гуна ташкилоту созмонҳои террористию ифротгароӣ ва нашъамандию ҷинояткорӣ худдорӣ намоянд ва дар корҳои муҳими сиёсию ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ ба нафъи давлату миллат фаъолона иштирок намоянд.

Райҳонгул Ҳақбердиева – узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg