БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён рӯҳу виҷдони худро фурухтаанд

ВОКУНИШ. Ҳоло ҳама пиру ҷавони Тоҷикистон шоҳиди он ҳастанд, ки дар Ватани азизамон барои адо намудани ҳама рукнҳои мубораки дини мубини Ислом тамоми шароиту имкониятҳо мавҷуд буда, эҳтиёҷе ба кадом як наҳзатиёни иғвоангез нест. Рӯ овардан, ҷалб намудан ба ин ҳизби сиёсии воқеан ифротгаро ва ба гумроҳӣ бурдани ҷавонон, даъвати шаҳрвандон ба ҷангҳои ДИИШ ва бо чашми сар дидани ваҳшониятҳо дар онҷо ҷомеаи имрӯзаро ба хулоса овард, ки мақсади наҳзатиҳо нопок буда, набояд ба ивази маблағҳои калон ҳам бошад ба дасисаҳои онҳо дода шаванд.

Шумо бо ин дассисаву дурӯғҳоятон чӣ ба даст меоварда бошед? Магар  Кабирӣ вакили парлумон ва Ҳоҷӣ Ҳалим муовини вазири мудофиа набуданд? Онҳо худашон қадру манзалати инсонии худро надонистанд, бо он ҳама молу мулке, ки доштанд қаноат накарданд. Барои амалӣ намудани нақшаҳои хоҷагон аз мансаб истифода намуда, ба мардум ва давлату ҳукумат хиёнат карданд.

Ҳамарӯза хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида истодааст. Дастпарварону пайравони ҳизби наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, мехостанд ба сари мардум бор созанд. Аммо миллати сулҳпарвари тоҷик ба ҳарфҳои шумо дигар эҳтиёҷе надорад ва гӯш ҳам намедиҳад. Зеро тиннату ботини шумо наҳзатиён аз арзишҳои инсоният дур аст. Барои пойдории сулҳ намегузорем, ки шумо лаҳзае даст ба ифроту тундгароӣ занед. Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Имрӯз дар Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби тавоною пешбарандаи ҷомеа қувваҳои фаъол ва созандаро сарҷамъ намуда, боиси боло рафтани нуфузи сиёсии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст. Кор дар байни аҳолӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини зиндагонии шоиста ба мардум рисолати касбии ҲХДТ мебошад. Мо аз нуктаҳои асосии суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрию мулоқоташон бо мардум илҳоми тоза гирифта, тарафдори он ҳастем, ки ба хотири ояндаи нек фаъолиятҳои ифротгароиро пешгирӣ намуда, сокиноро ба роҳи ростӣ ва дуруст сафарбар намоем.

Сабзалӣ Раҷабов – узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg