БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаровонии дастурхону рӯзгори осудаи сокинон мақсади асосии мост!

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Вағлел атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир  гардид.

Вохӯриро мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Сунатуллоева Мавзуна кушода, доир ба  самтҳои афзалиятҳои фаъолияти ҲХДТ,  баргузори чорабиниҳои фарҳангӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ  дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ намуд.

Баъдан раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон дар бораи дар амал татбиқ намудани  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  таъмини амнияти  озуқаворӣ, истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ, сафарбар кардани сокинон ба хоҷагидорию, соҳибкорӣ, афзоиш додани боғу токзорҳо огоҳонидани мардум аз хавфу хатарҳои ҳизбу гурӯҳҳои террористиву  экстремистӣ, пешгирии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди  касбу ҳунарҳои мардумӣ ва аз ин ҳисоб паст кардани шиддати бекориву баланд бардоштани  сатҳи зиндагии сокинон суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg