БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асосии Паёми Пешвои миллат беҳбудии рӯзгори халқ аст

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварз»-и назди Раёсати кишоварзии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷаниби кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳимов Ҳоким ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Самадзода Саёҳат оид ба вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ дар мавриди шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади сафарбар намудани сокинон баҳри татбиқи амалии он ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ маълумоти муфассал  доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg