БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ ганҷи дастони зани тоҷик аст

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи ба номи Ҳамро Олимови ҷамоати деҳоти Истиқлол бо мақсади амалигардонии Соли тақвияти робита бо маҳал бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯзҳо сокинони маҳаллаи Ҳамро Олимов бо масъулияти баланд ва ифтихори ватандорӣ ҷиҳати сазовор ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо омодагиҳои мукаммалу ҷолиб чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор намуда истодаанд. Чорабинии мазкур бо ҳунармандии эҷодкорона ва бо малакаи баланди ватандӯстона, ҳифзи суннату анъанаҳои мардумӣ, рушди корҳои хонагӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст. Барои фаҳмонидани ташаккули фарҳанги техникии мардум, истифодаи дурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бомақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо андешаронӣ намуд.

Баъдан вакили Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия Хидиров Панҷӣ сокинонро даъват намуд, ки корҳои ободониро дар маҳалла ба роҳ монда, бахусус аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки истифодаи дурусти технологияи муосирро ба роҳ монда, дар шабакаҳои иҷтимоии фейсбук дар шакли маҳкум кардани амалҳои иғвоангези хонинони миллатро инъикос намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg