ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Сабоҳат Азизӣ ва раиси деҳаи Хуросони ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сару либоси миллӣ ҳамчун муаррифгари давлату миллат дар ҷаҳон ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Азизӣ Сабоҳат дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин оид ба сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ ва Ҷумҳурии Ӯзбекситон ибрози андеша намуда, сокинонро барои ҷавобан ба ғамхориҳои беназири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азиз раҳнамоӣ намуд.