БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъмини амнияти озуқавории кишвар аз ҳадафҳои олии ҲХДТ ба ҳисоб меравад

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ»- и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баромад раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ»  А. Ғиёсов дар бораи  таъмини амнияти озуқавории мамлакат суханронӣ кард.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода дар бораи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об  барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дар бораи баланд бардоштани сатҳи маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати маводи озуқаворӣ суҳбат намуд.

Дар охир аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода маводҳои таблиғотӣ, ба монанди китоби «Каъбаи умеди мо халқ асту бас!», Дастурамали коргузориву ҳуҷҷатнигорӣ, Оинномаи ҲХДТ  ва нишонҳои сарисинагии ҳизбӣ ба иштирокдорон дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg