![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180926_164217_0.jpg?itok=oXIAQSGV)
ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зиннат» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер иштирок дошта, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, роҳҳои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, инчунин риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ дар ҳама фаслҳои сол бо сабзавоту меваҷоти тару тоза суханронӣ намуд.
Мавсуф зимни суханронӣ оид ба роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада, ҷамъомадагонро барои анҷоми корҳои хайру савоб, созандагиву бунёдкорӣ дар маҳали зист раҳнамоӣ кард.