БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зироатпарварӣ ва чорводорӣ манбаҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ҳастанд

ПАНҶ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  ҷиҳати дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани чорабиниҳои фарҳангию  сиёсӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар робита бо маҳал дар маҳаллаи Қушқияи ҷамоати деҳоти Озодагон вохӯрии судманд доир гардид.

Маҳаллаи Қушқия, ки дар доманаи кӯҳ ҷойгир аст, шуғли асосии сокинонаш чорводорӣ, махсусан парвариши зоти апсҳои тозӣ ва зироаткорӣ мебошад. Бо назардошти ин, сокинон вохӯриро бо намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ ва кишоварзӣ омода намуданд.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони комиҷроия Атавуллоева Зебунисо, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Нуруллоев Маъруф  ва котиби ҷамоати деҳоти Озодагон Назаралиев Зикрулло   иштирок намуданд.

Зимни баромадҳо масъулин оид ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла амнияти озуқаворӣ, яъне ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар,  истифодаи оқилонаи имконияту захираҳои  мавҷуда, обу замин ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, дар баробари ин  рақобатпазир намудани истеҳсоли ватанӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом ба раиси ташкилоти ибтидоии «Ғайрат» Давлатова Ороста барои ташкили чунин як чорабинии сатҳи баланд Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ба нафарони ба сафи ҳизб шомилгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

                                                                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg