БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об манбаи ҳаёти ҳамаи мавҷудоти олам аст

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо, ки дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар шаҳри Норак тасдиқ шудааст,  дар ташкилоти  ибтидоии «Обтаъминкунӣ» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир гардид. 

Дар вохӯрӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Пешвои миллат ҷиҳати таъмини маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои корам ва сафаҷӯёна истифода бурдани ҳар қатра обҳои мусаффои Ватан, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ,  меҳанпарастӣ ва гирифтани касбу ҳунарҳо,  эҳтиром ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Ғафурзода Фирдавс андешаронӣ карда шуд.

Баъдан мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Муслима Ғуриева   оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда,  аз ҷамъомадагон баҳри дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби  ҳадафҳои созандаи он дар байни сокинон даъват ба амал овард. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg